Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Горбачёв аз Путин хост, истеъфо диҳад


Михайил Горбачёв, раҳбари вопасини Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз Владимир Путин, нахуствазири Русия хост, ба ӯ пайравӣ кунад ва аз мақомаш истеъфо диҳад. Михаил Горбачёв дар мусоҳиба бо радиои “Эхо Москви” гуфт, агар Путин ба ҳарфи тазоҳургарон гӯш диҳад ва истеъфо диҳад, барои корҳои мусбат дар аҳди 12 солааш дар ёдҳо хоҳад монд: “Соли 1991 маро ҳеҷ кас аз вазифаам барканор накард. Ман худам аз ин мақом рафтам, вале гуфтам, ки барои чӣ. Ӯ низ бояд ҳамин корро кунад, ман мебудам аз ҳамин роҳ мерафтам. Роҳи беҳтарин ҳамин аст, зеро ҳар кори неке ки карда буд, ҳифз мешуд. “ Рӯзе пеш аз ин даҳҳо ҳазор нафар дар Маскав ва дар дигар шаҳрҳои Русия ба хиёбонҳо рехта ва алайҳи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 декабр эътироз карданд, ки ба гуфтаи нозирон олуда ба таққалуб буд. Владимир Путин, ки ду маротиба раиси ҷумҳур ва баъдан нахуствазири Русия шуд, қарор аст дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG