Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либия бори нахуст истиқлоли хешро таҷлил кард


Либия бори аввал дар таърихи 40 соли ахираш рӯзи истиқлоли хешро расман таҷлил кард. Дар аҳди 42 солаи Муаммар Қаззофӣ, ҷашни истиқлолро рӯзи 1 сентябр таҷлил мекарданд, зеро дар ин рӯз дар соли 1969 Қаззофӣ дар табаддулоти давлатие ҳукуматро аз Шоҳ Идрис гирифт. Аммо дар асл, Либия 24 декабри соли 1951 аз таҷовузи Фаронса раҳо шуд ва соҳибистиқлол гашт. Ҳукумати Муаммар Қаззофӣ, моҳи августи ҳамин сол аз тарафи шӯришиён сарнагун шуд ва худашро моҳи октябр куштанд. Шӯрои миллии гузори Либия, парчами сабзи аҳди Қаззофиро тағйир дод ва дигарбора парчами сиёҳу сурх ва сабзи замони шоҳро баргардонд.
XS
SM
MD
LG