Пайвандҳои дастрасӣ

Буҷаи Созмони Милалро коҳиш доданд


Яксаду наваду се узви Маҷмаъи умумии Созмони Милал ба созиш расиданд, ки буҷаи ин созмон коҳиш дода шавад, ки тайи 50 соли ахир бори дуввум аст, иттифоқ меафтад. Буҷаи Созмони Милал барои солҳои 2012 ва 2013, панҷ миллиарду яксаду панҷоҳ миллион доллар тасдиқ шуд, агарчӣ дар ду соли гузашта бештар аз 5 миллиарду 400 миллион доллар буд. Бино ба гузоришҳо, Амрико, ки 20 дар сади буҷаи Созмони Милалро мепардозад ва кишварҳои аврупоии фурӯмонда дар қарз аз коҳиши буҷаи созмон тарафдорӣ кардаанд, аммо кишварҳои дар ҳоли рушд, хостаанд буҷаи Созмони Милал бетағйир бимонад. Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал эътироф кард, ки музокирот сари ин масъала бисёр мушкил будааст, зеро ба гуфтаи ӯ, мардум ва ҳукуматҳо дар ҳамаҷо аз назари иқтисодӣ сахтӣ мекашанд.
XS
SM
MD
LG