Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти густурда дар Маскав хотима ёфт


Дар шаҳри Маскав рӯзи шанбе даҳҳо ҳазор нафар дар тазоҳурот ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи Думаи давлатӣ дар аввали ҳамин мов ҷамъ омаданд. Ба гуфтаи баргузоркунандагонаш теъдоди тазоҳургарон дар Сахарови шаҳр 100 ҳазор нафарро ташкил медод, ки то 2,5 километр тӯл кашида буданд. Дар ҳузури ин мардум аз ҷумла Алексей Кудрин, аз шарикон ва вазири собиқи молия дар ҳукумати нахуствазир Владимир Путин суханронӣ кард. Ӯ гуфт, раиси Кумиссиёни марказии интихобот Владимир Чуров бояд истеъфо диҳад ва фарди сазовори эътимод ба ҷойи ӯ таъйин шавад. Алексей Кудрин афзуд, муқаррароти интихобот бояд то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи март ислоҳ шавад аз ҳукумат хост ба ҳарфи тазоҳургарон гӯш диҳад: "Бояд майдони муколама боз шавад, вагарна мо ба инқилоб дучор хоҳем шуд, вагарна мо шанси имрӯза, барои дигаргунии сулҳомезро аз даст медиҳем." Дар шаҳри Санкт Петербург, 2500 нафар ва дар Новосибирск бештар аз 1000 нафар эътироз карданд. Мардуми зиёде аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии аввали ҳамин моҳ норозиянд, ки дар он Ҳизби Русияи Воҳиди нахуствазир Владимир Путин пирӯз омада ва аксарияти курсиҳои Думаи Давлатиро аз они худ кард.
XS
SM
MD
LG