Пайвандҳои дастрасӣ

Тамринҳои низомии нерӯҳои Эрон шурӯъ шуд


Артиши Эрон рӯзи шанбе ба як размоиши бузурги баҳрии 10 –рӯза дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, як роҳи аслии воридоти нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ шурӯъ кард. Ҳабибулло Саёрӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон, гуфт, тамринҳои низомӣ таҳти унвони “Вилоят-90” дар паҳнои васеъе аз гулӯгоҳи Ҳурмуз то Халиҷи Аден баргузор хоҳад шуд. Хабаргузории Ассосиейтед Пресс мегӯяд, дар ин тамринҳо киштҳои Эрон ба новҳои ҷангии Амрико ҳам наздик хоҳанд шуд, ки дар обҳои наздики Халиҷи Форс ҷойгиранд. Бештар аз сеяки киштиҳои нафткаши ҷаҳон аз Гулӯгоҳи аз назари стротегӣ муҳими Ҳурмуз аз наздики соҳилҳои Эрон убур мекунанд.
XS
SM
MD
LG