Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Қазоқистон 16 нафарро боздошт карданд


Нурсарик Шарипов, як мақоми додгоҳи вилояти Мангистау, дар Қазоқистон гуфт, дар робита ба ошӯбҳои хунин дар шаҳри Жанаозен 16 нафар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин афрод ба “ширкат дар нооромиҳои оммавӣ” муттаҳам мешаванд. Дар нооромиҳои рӯзи 23 декабр дар шаҳри Жанаозен, ки шоҳиди тазоҳуроти коргарони ширкатҳои нафтӣ шуд, 16 нафар кушта ва 100 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ба ширкаткунандагони нооромиҳои он рӯз маст буда ва барои барангехтани ошӯбҳо пул гирифта будаанд.
XS
SM
MD
LG