Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҷиа дар як кони ангишти Афғонистон


Дар таркише дар як кони ангишт дар вилояти Бағлони Афғонистон 11 конкан ҳалок шудаанд. Ин садама дар минтақаи Чанорак, воқеъ дар ноҳияи Наҳрин ба вуқӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи волии Бағлон, Муниши Абдулмаҷид, ин ангиштканҳо нақбро нодуруст мекандаанд, ки таркиш ба вуқӯъ пайваста ва онҳоро куштааст. Корҳо барои берун кашидани ҷасадҳо аз зери кон идома дорад.
XS
SM
MD
LG