Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломи Русия доир ба озмоиши мушаки "Булава"


Мақомоти Русия мегӯянд, дар озмоиши мушаки байниқоравӣ “Булава” дар ниҳоят ба муввафақият ноил шуданд. Ба гуфтаи вазорати дифоъ ду мушаки партобшуда аз киштии зериобие дар Баҳри Сафед дар Арктика ба ҳадафи худ дар нимҷазираи Камчатка дар Шарқи дури Русия расидааст. Нисфи партобҳои озмоишии Булава дар гузашта бенатиҷа анҷом ёфт, аммо партоби он аз киштии мазкур дар моҳи июн муввафақиятомез буд.
XS
SM
MD
LG