Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъзе расонаҳо маҳалгароиро доман мезананд"


Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ)

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон шуморе аз нашрияҳоро дар равнақи маҳалгароӣ муқассир хондааст.

Бар пояи тадқиқот ва пажӯҳиши коршиносони ин созмон, ки тайи як соли ахир идома доштааст, мавориди зиёде дар навиштаҳои нашрияҳо ошкор шудааст, ки дар масоили ёдшуда, яъне маҳалгароӣ ва равобити миллатҳо назокати сухан риоят нашудааст.

Чопи матолиб ва навиштаҳо бо руҳияи маҳаллӣ ва миллатгароӣ дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон, дар ниҳояти кор ба ваҳдат ва иттиҳоди милии ин кишвар зарбаи сахт хоҳад зад.

Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва ё НАНСМИТ бо арзи ин матлаб ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки коршиносон ва мутахассисони бахши мониторингии ин созмон якҷо бо истифодабарандагони Фейсбук-шабакаи иҷтимоии ҷаҳонӣ масъалаи назокати сухан аз лиҳози сиёсӣ дар расонаҳои Тоҷикистонро мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиш қарор дода ба чунин натиҷа расидаанд, ки бархе аз нашрияҳои ин кишвар амдан ва ё надониста ба чопи матолибе роҳ медиҳанд, ки боиси маҳалгароӣ ва бадбинии миллӣ мешавад. Ҷаноби Қаршибоев афзуд, як иллати пеш омадани чунин ҳолат, ташкили ҷомеаи эҷодии нашрия аз як маҳал ва адами гуногунандешӣ дар дохили ин ҷомеаҳои эҷодист.

Дар ҳоле, ки ин созмони мудофеи ҳуқуқи хабарнигорон расонаҳоро дар нашри матолиби якҷониба дар масъалаи муносибати миёни миллатҳо ва равнақи маҳалгароӣ муттаҳам мекунад, назари худи масъулини ин нашрияҳо ва рӯзноманигорон чӣ аст?

Азизи Нақибзод, муҳаррири нашрияи «Озодагон» натиҷаҳои тадқиқоти Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистонро дар ин робита нодуруст ва ғайривоқеӣ хонд. Вай гуфт, на танҳо дар ҳайати эҷодии нашрияи онҳо, балки дар дигар нашрияҳои даврӣ низ хабарнигорон аз маҳалҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд ва ӯ ба мушоҳида нагирифтааст, ки расонаҳо матолибе ба нашр расонида бошанд, ки барои маҳалгароӣ сабаб шуда бошад.

Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик
Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик
Аммо Раҷаби Мирзо, масъули маркази таҳлилии «Бозтоб» ва аз фаъолони матбуоти тоҷик натоиҷи тадқиқот ва арзёбии НАНСМИТ-ро таъйид кард. Оқои Мирзо гуфт, ки маҳалгароӣ ба унвони як зуҳуроти номатлуби ҷомеаи Тоҷикистон вуҷуд дорад ва азбаски хабарнигорон низ узви гоҳо дар навиштаҳои онҳо чунин руҳия эҳсос мешавад.

Яке дигар аз нишонаҳои ба маҳаллу маҳалгароӣ таваҷҷӯҳи бештар кардани нашрияҳо ба бовари коршиносон, инъикосу бозтоби хабару таҳаввули ночизи зодгоҳи соҳиби нашрия дар сафҳаи аввал ва барҷаставу умда ҷилва додани он аст, дар ҳоле ки барои мисол дар ҳамон рӯз ва ё ҳамон ҳафта хабари доғ ва масъалаи асосӣ тамоман чизи дигар буд.

Бо ишора ба ин ҷиҳати масъала, Нуриддин Қаршибоев-раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ афзуд, ки гоҳо бо сабаби камогаҳӣ ва гоҳо бархӯрди ғайриҳирфаии хабарнигорон ба масъала, навиштаи онҳо тобиши маҳаллӣ пайдо кардааст.
XS
SM
MD
LG