Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти мухолифон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург


Дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург имрӯз дар тазоҳурот ба нишони эътироз аз натиҷаҳои интихоботи аввали ҳамин сол чанд ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Дар хиёбони Сахарови шаҳри Маскав, ба гуфтаи Александр Руклин яке аз баргузоркундагони тазоҳургарон 40 ҳазор нафар ҷамъ омадаанд. Борис Немтсов, аз пешвоёни мухолифони давлат дар Русия дар назди ин тазоҳургарон суханронӣ кард ва доир ба ҳукумати феълии Русия гуфт: “Мо барои он ба инҷо омадем, ки онҳо моро безор карданд, барои онки мехоҳанд, ҳокими абадии мо бошанд, барои онки онҳо рӯзи 24 сенятбр қарор карданд, ки солҳои номаълум бо Русия бадрафторӣ кунанд ва рӯзи 4 декабр ҳамаро фиреб карда ва раъйи моро дуздиданд.” Нерӯҳои мухолифи давлат аз тарафдорони худ хоста буданд, ба нишони эътироз аз шеваи баргузории интихоботӣ порлумонӣ имрӯз ба майдонҳо бароянд. Мардуми зиёде аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии аввали ҳамин моҳ норозиянд, ки дар он Ҳизби Русияи Воҳиди нахуствазир Владимир Путин имрӯз омада ва аксарияти курсиҳои Думаи Давлатиро аз они худ кард.
XS
SM
MD
LG