Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар шаҳрҳои ғарбии Русия оғоз шуд


Бо хотима ёфтани тазоҳурот дар шаҳрҳои шарқии Русия, шаҳрҳои ғарбии кишвар барои намоишҳои эътирозии бузургтар омода мешаванд. Нерӯҳои мухолифи давлат аз тарафдорони худ хостаанд, ба нишони эътироз аз шеваи баргузории интихоботӣ порлумонӣ имрӯз ба майдонҳо бароянд. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳрҳои Шарқи Дур ва Сибири Русия теъдоди тазоҳургарон зиёд набудааст. Ҳавои сарди тақрибан 30 дараҷаиро аз сабабҳои ҳузури ками тазоҳургарон гуфтаанд. Меланӣ Бачина, хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ, дар шаҳри Томск гуфт, дар инҷо назар ба тазоҳуроти пешина мардуми камтар ва тақрибан 1 500 нафар ҷамъ омаданд ва шиорҳои пешинаи худро такрор карданд: "Ҳамон талабҳои пешина садо медиҳанд, баргузории интихоботи нав, истеъфои раиси Кумиссиёни марказии интихобот ва шиор медиҳанд, ки Путин истеъфо диҳад." Мардуми зиёде аз натиҷаҳои интихоботи порлумонии аввали ҳамин моҳ норозиянд, ки дар он Ҳизби Русияи Воҳиди нахуствазир Владимир Путин имрӯз омада ва аксарияти курсиҳои Думаи Давлатиро аз они худ кард. Бузургтарин тазоҳурот имрӯз дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург пешбинӣ шудааст ва дар хиёбони Сахарови Маскав ҳазорон нафар ҷамъ меоянд. Ду ҳафта пеш мардуми зиёде ба хиёбонҳои Русия рехта ва талаб карданд, то интихоботи 4 декабр аз нав баргузор шавад, зеро дар он ба навъи ҳизби ҳоким тақаллуби зиёде сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG