Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдори Душанбе аз кори занони роҳрӯб дар ҳавои сарди зимистон ситоиш ва қадрдонии заҳмати онҳоро тақозо кард.

Ин арҷгузорӣ ба заҳмати занҳои роҳрӯб дар ҳоле садо медиҳад, ки ба дунболи барфрезии шадид ва ях бастани ҷодаву хиёбонҳо артиши “ҷомазардон”-и мусаллаҳ бо белу каланд даст ба кор шуда, гашутугузори мардумро дар ҷодаҳо то ҳадде осонтар кард.

Ситоиши шаҳрдорӣ низ маҳз ба заҳматҳои чанд рӯзи ахири занҳои ҷорӯбкаш марбут мешуд. Солона ҳудуди ду ҳазор коргар ба тозаву тамиз нигаҳ доштани чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ҷалб мешаванд, ки 80 дарсади онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳаққуззаҳмати ин гурӯҳ аз 370 то 400 сомонӣ муқаррар шудааст.

Зариф Наимов, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе гуфт, "онҳо шабона ба кор мебароянд ва корашон низ мушкил аст. Бубинед, имрӯз занон дар сардиҳо низ ба тоза кардани кӯчаҳо машғуланд.”

Агар солҳои пеш бештар занҳои солхӯрда ба поккории шаҳр ҷалб мешуданд, ҳоло бо як назар метавон муайян кард, ки синну соли занҳои роҳрӯб то рафт ҷавонтар мешавад. Гулбаҳор 17 сол дорад ва дар пайи талоши номуваффақаш барои дохил шудан ба Омӯзишгоҳи тиббӣ ноилоҷ аз пайи модараш рафт, ки солҳо боз дар шаҳр ҷорӯбкашӣ мекунад.

Гулбаҳор мегӯяд, аз пешаи нави худ эҳсоси хушбахтӣ надорад ва гоҳо аз раҳгузарҳо низ эҳсоси шарм мекунад. Аммо мегӯяд ӯ, ин ягона кори дастрас аст, ки ду тангаро дар кафаш мегузорад. Гулбаҳор танҳо аз аз он хурсанд аст, ки корфармо ба онҳо либоси махсус - ҷомаи зард медиҳад ва зарурати пӯшидани пироҳанҳои хушдӯхтро, ки ӯ ҳеҷ гоҳ надошт, аз байн мебарад.

Бахши умдаи занҳои роҳрӯб аз хонаводаҳои камбизоати шаҳр ва канораҳои пойтахт буда, дар гузашта хонанишин ё кормандони фабрикаву корхонаҳои давлатӣ буданд. Баъди аз кор мондани заводу корхонаҳо дар Тоҷикистон, занҳои ҳушманди шаҳрӣ зуд ба тиҷорат гузаштанд, вале онҳое, ки аз ин ҳунар бархӯрдор набуданд, корҳои "сиёҳ", амсоли кӯчарӯбиро ба “мерос” гирифтанд.

Як зани ҷорӯбкаш бо исми Робиа мегӯяд, новобаста аз фасли сол, ӯ соати 2-и шаб ба кор мебарояд. Робиа чаҳор фазанд дорад ва 400 сомонӣ, чизе камтар аз 100 доллар маош мегирад. Мо бо ӯ дар ҳоле суҳбат кардем, ки бо гуруҳи ҳамкасбонаш барфҳои атрофи Қасри раисиҷумҳурро тоза мекард. Ӯ гуфт, "ушвортарин фасли сол дар кори мо фасли зимистон аст. Кореро, ки мо дар ин фасл мекунем, яъне яхшиканиву барфкашонӣ аслан кори мардҳост, на занҳо.”

Ба сӯҳбати мо занони дигар ҳам ҳамроҳ шуданд:

"Ҳаво сард аст, чӣ кор кунем, шавҳарам аз маҷбурӣ ба Русия рафтааст. Се сол шуд, ки кор мекунем."

"Ҳангоми барф боридан, аз соати 2-и шаб ба кор мебароем, барф тоза мекунем, барфҳоро мепартоем, шохи дарахтонро аз барф тоза мекунем. Ягон имтиёз нест."

Аксари ҳамсӯҳбатони мо, ки пораҳои яхро дар халтаҳо ҷамъ мекарданд, гуфтанд, ки ин кор онҳоро ба дарди камар ва маризиҳои марбут ба илтиҳоб гирифтор кардааст. Онҳо дар давоми рӯз ғизои гарм намехӯранд ва маъмулан бо чою нону қанд иктифо меварзанд.

Занҳои ҷорӯбкаш аксаран оилаҳои нопурра доранд ва бинобар муҳоҷирати ҳамсарҳояшон ба Русия, тамоми бори зиндагӣ дар хонадон низ бар дӯши онҳост. Яке аз ин занҳо бо ханда гуфт, ки шавҳараш дар Русия ҷорӯбкашӣ мекунад, вале иҷрои ин корро дар Тоҷикистон айб медонад. Ӯ мегуфтааст, “дар Русия барои поккорӣ пули хуб мегирӣ, дар Тоҷикистон чӣ? Фақат беобрӯӣ, ки фалонӣ кӯчарӯб аст!”

Чизе, ки моро дар сӯҳбати ин занҳо ба ҳайрат овад, хушбинии онҳо буд, ки ҳар суханро ба шӯхӣ мебурданд ва бо садои баланд механдиданд. Мо аз занҳо пурсидем, оё хабар доранд, ки акнун дар бозори кор танҳо нестанд ва шаҳрдорӣ ахиран 150 мошини поккорӣ харидорӣ кардааст? Онҳо бо ханда гуфтанд, ки ягон мошин ба меҳнате, ки занҳои ҷорӯбкаш анҷом медиҳанд, тоб оварда наметавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG