Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шимолуғарби Покистон 6 сарбозро куштанд


Бино ба гузоришҳо, бар асари як бомбгузорӣ дар шимолуғарби Покистон дасти кам 6 сарбоз кушта шудаанд. Дар ин ҳамла дар шаҳри Банну дар вилояти Хайбар Пахтунхва, як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар назди қароргоҳи шибҳанизомиён тарконидааст ва гуфта мешавад, бештар аз 10 сарбози дигар захм бардоштаанд. Эҳсонуллоҳ Эҳсон, сухангӯи Толибони Покистон дар гуфтӯгу бо хабаргузории “Ассосиэйтед Пресс” масъулияти ин бомбгузориро бар дӯш гирифтааст. Ба гуфтаи Эҳсонуллоҳ Эҳсон, ин ҳамла ниқор барои марги як фармондеҳи Толибон будааст, ки ӯ чанде пеш дар як ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико кушта шуд.
XS
SM
MD
LG