Пайвандҳои дастрасӣ

Димишқ ҳалокати 40 нафар дар таркишҳоро тайид кард


Димишқ ҳалокати 40 нафар дар таркишҳои маргталабона дар пойтахтро тайид кард. Ҷиҳод Мақдиссӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Сурия юа хабаргузории Франс-Пресс гуфт, ки дар ин ҳодиса тақрибан 150 тани дигар захмӣ шуданд.

Аз ин пеш телевизиони Ал-Дунёи Димишқ хабар дод, ки маргталабҳои мансуб ба шабакаи “Ал-Қоида” ду мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори биноҳои хадамоти амният ва кашфи кишвар инфиҷор намуданд.

Намояндаи гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар ташкили инфиҷорҳо хадамоти ҷосусии Амрикоро айбдор кард.

Рӯзи ҷумъа баъд аз намоз бояд дар Димишқ намоиши густурдаи эътирозӣ баргузор мешуд. Ба иттилои СММ, аз моҳи март ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дасти кам 5 ҳазор суриягиҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG