Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми Юлия Тимошенкоро бетағйир гузошт


Додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Киев ҳукми сарвазири пешин Юлия Тимошенко аз рӯи “парвандаи қарордоди газ”-ро бетағйир гузошт. Ҳамин тариқ шикояти вакили дифоъ аз болои ҳукми додгоҳ рад карда шуд.

Баррасии шикоят бидуни ширкати Юлия Тимошенко ва вакили дифои ӯ сурат гирифт. Тимошенко аз ширкат дар баррасӣ сарпечӣ карда буд.

Моҳи октябр як додгоҳи Киев Юлия Тимошенкоро ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Тафтишот собит кард, ки имзои қарордоди 10-солаи газ бо Русия дар соли 2009 аз сӯи ӯ ба Украина хисороти зиёд овард. Бо ҳукми додгоҳ, Юлия Тимошенко бояд ҳамчунин тақрибан 190 миллион доллар зиёни овардаашро ба ширкати “Нафтогаз” пардохт кунад.

Хонум Тимошенко ҳукми додгоҳро интиқоми сиёсии раисиҷумҳур Виктор Янукович мехонад.
XS
SM
MD
LG