Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис аз Анкара хост то низои дипломатиро доман назанад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасти хабарӣ дар Истамбул
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасти хабарӣ дар Истамбул
Вазири умури хориҷии Фаронса Алан Жюпе аз Анкара хост, ки оромиро ҳифз кунад ва дар робита ба қарори ахири парлумони Фаронса низои дипломатиро доман назанад. Тасвиби тарҳи қонун дар порлумони Фаронса, ки радди наслкушии арманиҳо аз тарафи туркҳо дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳониро ҷиноят эълон кардааст, боиси хашми мақомоти Туркия шуд.

Дар посух ба ин сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба наслкӯшии фаронсавиҳо дар Алҷазоир ишора кард ва гуфт, дар он кишвари забтшуда фаронсавиҳо садҳо ҳазорҳо арабро дар печҳо сӯзониданд.

Аз ин пеш Анкара эълом дошт, ки ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои худро барои ҳавопаймоҳои ҳарбии Фаронса мебандад. Имрӯз сафири Туркия Порисро тарк намуд.

Тарҳи қонун дар бораи ҷиноят эълон шудани радди наслкушии арманиҳо аз сӯи туркҳо дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ бояд дар Сенати Фаронса баррасӣ шавад.
Дар ин қонун омадааст, шахсоне, ки наслкӯшии арманиҳоро рад мекунанд, то як сол маҳкум ба зиндон ва 45 ҳазор евро баробар бо 60 ҳазор доллар ҷарима мешаванд.
XS
SM
MD
LG