Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Прага бо Ватслав Ҳавел видоъ мекунанд


Ҳилларӣ Клинтон ва шавҳараш Билл Клинтон дар маросими видоъ бо Ватслав Ҳавел
Ҳилларӣ Клинтон ва шавҳараш Билл Клинтон дар маросими видоъ бо Ватслав Ҳавел
Дар шаҳри Прага, дар калисои Вити муқаддаси кохи Пражский Ҳрад, маросими видоъ бо раҳбари пешини Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел идома дорад.

Дар ин маросим раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ, сарвазири Британия Дэвид Камерон, раисиҷумҳури пешини Лаҳистон Лех Валенса, вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва шавҳараш, раҳбари собиқи ИМА Билл Клинтон,собиқ Котиби давлатии ИМА Мадлен Олбрайт ва ҳайатҳо аз дигар кишварҳо ва ҳамчунин сиёсатмадорону зиёиён ва афроди мазҳабии Чехия ширкат доранд.

Соати 12-и зӯҳр ба вақти Прага дар сартосари Чехия ба ёди Ватслав Ҳавел як дақиқа сукут эълон шуд.

Ватслав Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Ҳавел, пешвои “Инқилоби махмалин”-и соли 1989 буд, ки ба низоми коммунистӣ дар Чехословакияи собиқ хотима дод ва баъдан нахустин президенти Чехословакияи демократӣ ва Ҷумҳурии Чех буд.
XS
SM
MD
LG