Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон пас аз ду сол, дубора ба бознигарии парвандаи марги Хуршед Бобокалонов оғоз кардааст.

Дар Додситонии куллии Тоҷикистон хабари дубора мавриди тафтиш қарор додани парвандаи марги мармузи Хуршед Бобокалонов, мудири бахши қабули беморони Маркази саратоншиносиии кишварро таъйид карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз соли 2009 баррасии ин парванда қатъ шуда буд.

Ҷамшед Мелибоев, муфатиши додситонии куллии Тоҷикистон, ки масъулияти баррасии ин парвандаро бар дӯш гирифтааст, дар сӯҳбат ба РО дар робита ба бозбинии ин парванда гуфт, «акнун қоида аст, ки баъде, ки қарор қабул карда шудааст, аз сари нав пуррагии парванда омӯхта мешавад. Агар бармаҳал қарор қабул карда шуда бошад, ҷоннок карда мешавад.»

Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати додситонии кулли Тоҷикистон низ гуфт, ки парвандаи Хуршед Бобокалонов дубора мавриди тафтиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Вай аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин замина худдорӣ кард.

Аммо ба таъкиди тарафи ҳимоя, бозбинии парвандаи марги Хуршед Бобокалонов дар пайи муроҷиатҳои мукаррар ба ниҳодҳои марбута ва пофишориҳои зиёди модари марҳум сурат гирфтааст. Худи Саодат Қулиева, модари Хуршед дар сӯҳбат бо РО гуфт, «ман ба ҳама ҷо навишта истодаам, муроҷиат карда истодаам ва гуфта будам, ки то ҷинояткорон ёфт нашаванд, ақибнишинӣ нахоҳам кард.»

Ин дар ҳолест, ки Хуршед Бобокалонов, дар дувуним соли пеш ба ҳангоми боздошти кормандони пулиси роҳ ба таври асроромез ҷони худро аз даст дода буд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Хуршед дар ҳолати мастӣ ҳангоми гузаштан аз роҳ қоидаи роҳро риоят накардааст ва ҳушдори пулиси роҳро нодида гирифтааст. Пулис вайро боздошт карда ва ҳангоми интиқол ба боздоштгоҳ, вай дар дохили мошини пулис ҷон додааст. Аммо хешовандони Хуршед мегӯянд, ки ӯ аслан шароб наменӯшид ва дар натиҷаи шиканҷаи кормандони пулис кушта шудааст.

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик

Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик

Ҳамакнун, ки аз ин қазия замони зиёде сипарӣ шудааст, дар доираи соҳибназарон ин суол матраҳ аст, ки оё Додситонии кулл парвандаро ба таври одилона ва мунсифона таҳқиқ хоҳад кард ё чун бори аввал дар нимароҳ хоҳад гузошт. Дар ҳоле, ки он замон, ба истилоҳ «пай -и ҳодисаи ин марги мармуз рӯшан буд.

Аммо Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯянд, ки муҳим он аст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия «камари ҳиммат» бастааст ва албатта талош хоҳад кард, то ҳақро ба ҳақдор бирасонад: «алакай ин нишонаи мунсифона таҳлилу таҳқиқ кардани қазия аст. Аз тарафи дигар пайвандони Хуршед Бобокалонов ором намешинанд ва ба ҳама мақомот муроҷиат хоҳанд кард. На танҳо ба Президент, балки ба Созмонҳои байналмилалӣ низ муроҷиат хоҳанд кард. Ба ин далел иқдоми додситонӣ ин пайгирии адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дар кишвар аст.»

Бозбинии парвандаи марги Хуршед Бобокалонов, пизишки тоҷик, ки пайвандонаш маъмурони пулисро муттаҳам медонанд, дар ҳолест, ки ду Баҳромиддин Шодиев

Баҳромиддин Шодиев

парвандаи дигар дар робита ба марги Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки дар чанд моҳи ахир иттифоқ афтодааст, ҳадсу гумонҳо дар мавриди шиканҷа тавассути маъмурони интизомиро бештар кардааст.

Зеро дар робита ба парвандаи Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев чанд тан аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ гумонбар шудаанд. Ҳарчанд иттиҳомот алайҳи ин афрод тибқи қонуни ҷиноии Тоҷикистон «саҳлангорӣ» эълом шудааст ва аз назари ҳимоя иттиҳомоти сабуке ҳастанд.

Аммо мояи нигаронии тарафи ҳимоя ин аст, ки чун тарафи ҷавобгар маъмурони пулис мебошанд, эҳтимол дорад, баррасиҳо ба таври шаффоф сурат нагирад. Дар ин ҳолат соҳибназарон мегӯянд, чунин бархӯрди мақомоти додситонӣ ва додгоҳӣ метавонад беэътимодии мардумро нисбати ин ниҳодҳо афзояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG