Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ-и интернетӣ. Оё дар Тоҷикистон имконпазир аст?


Телевизиони "Дожд"
Телевизиони "Дожд"

Намоиши эътирозӣ алайҳи қонуншиканиҳо дар интихоботи Дума, ки қарор аст 24-уми декабр дар Маскав баргузор шавад, фақат аз сӯи "Дожд ТВ" мустақим намоиш дода хоҳад шуд.

"Дожд ТВ" - телевизиони интернетист, ки камтар аз ду сол пеш таъсис шуда буд ва ҳоло садҳо ҳазор алоқамандони ахбору гузоришҳои беғаразонаву воқеъбинона барномаҳои онро пайваста тамошо мекунанд.

Зимнан, "Дожд ТВ" ягона телевизионе буд, ки узрхоҳии Борис Немтсов, яке аз раҳброни мухолифини Кремл аз дигар фаъолони мухолифин Евгения Чириковаро нашр кард. Телевизионҳои давлатии Русия дар бораи сӯҳбатҳои маҳрамонаи телефонии Немтсов зиёд гуфтанд ва аммо узрхоҳии ӯ барои лаҳни дағал ва изҳороти Чириковаро, ки Кремл бо пахши сабтҳои телефонии маҳрамонаи Немсов наметавонад миёни мухолифин тафриқа эҷод кунанд, нодида гирифтанд.

Борис Немсов
Борис Немсов
Рӯзҳои эътирозҳо аз тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи ахири парлумонии Русия, теъдоди алоқамандони телевизиони интернетии "Дожд" ба маротиб афзоиш ёфт, зеро хабарнигорон мустақиман аз майдони эътирозҳо гузориш медоданд. Рӯзи 10-уми декабр, вақте, ки 40 ҳазор эътирозгарон дар майдони Болотнаяи Маскав ҷамъ омаданд, барномаҳои "Дожд ТВ"-ро як миллион нафар тамошо карданд. Даря Симоненко, яке аз кормандони масъули ин телевизиони интернетӣ мегӯяд, ки шурӯъ аз он рӯз ҳафтае 800 ҳазор нафар барномаҳои "Дожд ТВ"--ро мебинанд.

Михаил Зигар, сардабири телевизиони интернетӣ мегӯяд, онҳо умедворанд, ки барномаҳои онҳо телевизионҳои давлатиро ҳам барои пахши барномаҳои воқеъбинонатар таҳрик медиҳад. Зимнан, Алексей Пивоваров, хабарнигори маъруфи телевизионии давлатии НТВ, баъд аз тамошои барномаҳои "Дожд ТВ" изҳор намуд, ки агар НТВ дар бораи намоишҳои эътирозии рӯзи 10-уми декабр гузориши муфассал пахш накунад, аз мақомаш истеъфо хоҳад дод.

Ва аммо таъсиси ин гуна телевизиони интернетии боҷуръати ҳирфаӣ дар Тоҷикистон то куҷо мумкин аст?

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ – Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки мавзӯъи таъсиси телевизиони интернетӣ ҳанӯз дар маҳофили хабарнигории кишвар матраҳ нашудааст. Ва аммо, меафзояд ӯ, агар нафаре ҳам аз чунин иқдом кор бигирад, ӯро мушкили зиёд интизор аст, аз ҷумла, мушкили дарёфти муҷаввиз: «Агар ин телевизион дар Тоҷикистон сабти ном шавад, маҷбур аст, ки аз комиссиюни муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизион иҷозаи пахш бигирад.»

Ҷаноби Қаршибое мегӯяд, «имкони дигар ҳам ҳаст, ки он метавонад дар дигар кишвар мустақар шавад ва барномаҳои худро аз он ҷо пахш кунад.»

Саймиддин Дӯстов
Саймиддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов, раиси маркази таҳлили «Индем» ҳам бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон шароити фаннии таъсиси телевизиони интернетӣ мавҷуд аст, пайдо кардани хабарнигорону мутахассисон ҳам чандон душвор нест, ба вижа, баъд аз он ки кормандони телевизиони К+ дар Тоҷикистон бекор монданд ва иддае аз онҳо дар бахши реклама фаъолият доранд ва бахши дигар бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Ва аммо мушкили аслӣ, аз нигоҳи Саймуддин Дӯстов, мушкили молиявист ва ҳоло ягон гурӯҳи расонаӣ тавони таъсиси телевизиони интернетиро надорад. Ӯ меафзояд, ки дар роҳи таъсиси ин телевизион мушкилоти дигар ҳам ҳастанд: «Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон беш аз 60 дарсади мардум дар ҳоли фақр ба сар мебаранд, албатта пардохти 15 ё 20 доллар барои интернет мушкил аст, ҳарчанд имрӯз, бар пояи омори расмӣ, ҳудуди як миллиону 800 ҳазор нафар имкони фаннии дастрасӣ ба интернетро доранд ва аз ҷумла тақрибан 450 ҳазор нафари онҳо аз тариқи телефонҳои мобилӣ. Ва аммо созмонҳои байнулмилалӣ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон тақрибан 600-650 ҳазор аз интернет истифода мебаранд.»

Саймуддин Дӯстов меафзояд, «ҳамин теъдод ҳам барои ташкили телевизиони интернетӣ басанда аст ва ман фикр мекунам, ки он бояд пайдо шавад, ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон барои ба роҳ мондани чунин як тарҳ муқовимати шадид нишон хоҳад дод.»

Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев
Марат Мамадшоев, сардабири нашрияи «Азия плюс» низ мегӯяд, ки "агар телевизиони интернетӣ масоили доғро ба миён гузорад, мақомоти Тоҷикистон ба ҳар роҳу васила талош мекунанд то аз фаъолияти он ҷилавгирӣ кунанд:«Ман фикр мекунам, ҳама чиз вобаста аз он аст, ки ин телевизион то куҷо метавонад мавзӯъҳои доғро пайдо кунад, то куҷо метавонад мавзӯъҳоеро пайдо кунад, ки барои истифодабарандагони интернет ҷолиб аст, интернете, ки суръати мӯътадил дорад. Ва агар маҳбубияташ зиёд шавад, вокуниши ҳукумат манфӣ хоҳад буд ва талош мекунад, ки ин телевизионро ё таҳти назорат бигирад ё онро хомӯш кунад»

Зимнан, дар Осиёи Марказӣ то ҳол ягон телевизиони интернетӣ сабти ном нашудааст. "Стан ТВ", ки дар Бишкек мустақар аст, асосан дар торнамои интернетии худ гузоришҳо бо аксу наворҳои видеоиро ҷой медиҳад.
XS
SM
MD
LG