Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркишҳоро дар Димишқ маргталабҳо анҷом додаанд


Имрӯз дар Димишқ, пойтахти Сурия ду таркиш рӯх дод. Ба иттилои расмӣ, маргталабҳо ду мошини ҳомили маводи таркандаро дар канори биноҳои хадамоти амният ва кашфи кишвар инфиҷор намуданд. Хабар дода мешавад, таркишҳо қабл аз намоишҳои эътирозие ба вуқӯъ пайвастанд, ки бояд баъд аз намози ҷумъа баргузор мешуданд. Дар бораи паёмадҳои таркиш алҳол иттилое зери даст нест.

Ҳайати нозирони Лигаи кишварҳои араб дирӯз вориди пойтахти Сурия шуд. Ин ҳайат дар чаҳорчӯби тарҳи Лига барои қатъи хунрезӣ дар Сурия фаъолият хоҳад намуд. Вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим изҳори умедворӣ кард, ки ин нозирон аз сӯи гурӯҳҳои тероористӣ ташкил шудани бенизомиву кушторҳо дар кишварро тайид мекунанд.

Аз ин пеш шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони саудӣ, таъкид кард, ки Сурия бояд шартҳои Лигаи кишварҳои араб, яъне берун кардани низомиён аз маҳаллаҳои зист, раҳоии маҳбусон ва гуфтугӯ бо фаъолони мухолифинро иҷро кунад.

Ба иттилои СММ, аз моҳи март ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дасти кам 5 ҳазор суриягиҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG