Пайвандҳои дастрасӣ

Чен: "Демократия дар Чин пирӯз хоҳад шуд"


Чен дар намоишҳои моҳи феврал ширкат дошт

Чен дар намоишҳои моҳи феврал ширкат дошт

Дар вилояти Сичуан, воқеъ дар ҷануби Чин, адиби дигарандеш Чен барои як матлаб оид ба демократия, ки дар интернет ҷой дода шудааст, ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи вакили дифоъи адиб, додгоҳ Ченро дар фаъолияти зиддидавлатӣ айбдор кард.

Баъд аз қироати ҳукм Чен изҳор намуд, ки низоми худкома дар Чин суқут хоҳад кард ва демократия пирӯз хоҳад шуд.

Чен моҳи феврали соли равон ҳамроҳ бо як гурӯҳи мухолифони ҳукумат дар ҳоле боздошт шуд, ки мардумро ба намоишҳои зиддиҳукуматӣ даъват мекард.
XS
SM
MD
LG