Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод дар Ереван мавзӯи иқтисодиро баррасӣ мекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Серж Саргсян

Маҳмуди Аҳмадинажод ва Серж Саргсян

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, барои музокирот оид ба масоили иқтисодӣ вориди Арманистон шуд. Ба иттилои дафтари раисиҷумҳури Арманистон, Аҳмадинажод бо ҳамтои арманияш Серж Саргсян гуфтушунид анҷом медиҳад ва ба думболи ин чанд санад оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба имзо хоҳад шуд.

Вазорати энерҷии Арманистон изҳор намуд, ки яке аз санадҳо марбут ба шурӯъи бунёди нерӯгоҳи барқиву обӣ дар рӯдхонаи Аракс дар марзи миёни Эрону Арманистон хоҳад буд.

Ба иттилои расмӣ, табодули молу коло миёни Эрону Арманистон афзоиш ёфта аз 206 миллион доллар дар соли 2009 то ба 273 миллион доллар дар соли гузашта расидааст.
XS
SM
MD
LG