Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тариқ Ҳошимӣ нахуствазир ал-Моликиро айбдор мекунад


Тариқ Ҳошимӣ
Тариқ Ҳошимӣ
Тариқ Ҳошимӣ, муовини раисиҷумҳури Ироқ, нахуствазир Нурӣ ал-Моликиро дар заифӣ барои рафъи хушунат дар кишвар айбдор кард. Дар сӯҳбат бо бахши арабии Би-Би-Си ӯ гуфт, ки Ал-Моликӣ ба ҷойи ҳалли масоили амниятӣ ба таъқиби сиёсатмадорони ватанпараст пардохтааст.

Изҳороти Тариқ Ҳошимӣ дар робита ба 16 таркиш дар Бағдод пахш шуд, ки барои асари он дасти кам 69 нафар кушта ва тақрибан 200 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти тафтишотӣ ҳадс мезананд, ки дар ин таркишҳо шабакаи “Ал-Қоида” даст дорад.

Чанд рӯз мақомоти Ироқ сиёсатмадори суннимазҳаб Тариқ Ҳошимиро дар терроризм айбдор карданд ва коршиносон ба дубора аланга задани оташи низоъ миёни шиаҳо ва сунниҳои Ироқ ишора мекунанд.

ИМА таркишҳои фоҷиабор дар Ироқро маҳкум намуд. Ба иттилои Кохи Сафед, муовини раисиҷумҳур Ҷо Байден ба раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ гуфтааст, ки Амрико аз талошҳои ӯ барои эътидоли авзоъ дар Ироқ пуштибонӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG