Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав барои тафтиши ҳалокати мардуми Либия пойфишорӣ дорад


Ба иттилои манобеи дипломатӣ, Русия ба мутмаин сохтани Шӯрои амнияти СММ барои зарурати тафтиши иттилоъ оид ба ҳалокати мардуми осоишта аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои НАТО дар Либия ҳанӯз муваффақ нашудааст.

Намояндаи доимии ИМА дар Созмони Милал Сюзан Райс изҳор намуд, ки Маскав ба ин васила мехоҳад таваҷҷуҳро аз қатъномаи Шӯрои амният оид ба Сурия ба дигар тараф ҷалб кунад. Дар ин қатънома саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ аз сӯи ҳукумати Башор Асад маҳкум шудааст.

Райс афзуд, ки ба тафтиши нави ҳаводиси Либия ниёзе нест, зеро мавзӯъи ҷиноёти эҳтимолии низомӣ дар ин кишварро Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг пажуҳиш мекунад.

Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ мутмаин аст, ки маҳз аз сӯи Шӯрои амният тафтиш шудани куштори мардуми осоиштаи Либия дар зарбаҳои ҳавоии НАТО - ягона роҳи ошкор кардани ҳақиқат дар бораи ҳаводиси Либия аст.
XS
SM
MD
LG