Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Димишқ ду таркиш рӯх дод


Имрӯз дар Димишқ, пойтахти Сурия, ду таркиш рӯх дод. Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, ки ҳадафи таркишҳо биноҳои хадамоти амният ва кашфи кишвар буданд.

Хабар дода мешавад, таркишҳо қабл аз намоишҳои эътирозие ба вуқӯъ пайвастанд, ки бояд баъд аз намози ҷумъа баргузор мешуданд. Дар бораи паёмадҳои таркиш алҳол иттилое зери даст нест.

Ҳайати нозирони Лигаи кишварҳои араб дирӯз вориди пойтахти Сурия шуд. Ин ҳайат дар чаҳорчӯби тарҳи Лига барои қатъи хунрезӣ дар Сурия фаъолият мекунад. Шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони саудӣ, ду рӯз пеш таъкид кард, ки Сурия бояд шартҳои Лигаи кишварҳои араб, яъне берун кардани низомиён аз маҳаллаҳои зист, раҳоии маҳбусон ва гуфтугӯ бо фаъолони мухолифинро иҷро кунад.

Ба иттилои СММ, аз моҳи март ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дасти кам 5 ҳазор суриягиҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG