Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мададӣ Нағзибеков, варзишгари тоҷик, дар сабқати WSB (Cилсилаи ҷаҳонии бокс) дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон пирӯзӣ ба даст овард.

Ӯ дар ҳайати бошгоҳи бокси шаҳри Бокуи Озарбойҷон - “Baku Fires” дар рақобатҳо дар вазни то 61 килограмм бар Хуршед Тоҷибоеви узбакистонӣ, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар соли 2009-ум, ки бошгоҳи мексикоии “Mexico City Guerreros”- ро намояндагӣ кард, дастболо шуд.

Ин қувваозмоӣ хеле пуршиддат сурат гирифт. Аз се довар ду нафар муштзани тоҷикро ғолиб донистанд. Ин cевумин пирӯзии Мададӣ Нағзибеков дар сабқати WSB маҳсуб мешавад.

Дар ҳисоби дастаӣ бошгоҳи “Baku Fires” (Боку) бар “Mexico City Guerreros”
(Мексика) бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG