Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти пешвои “Инқилоби махмалӣ”-и Чехословакияи пешин Ватслав Ҳавел миллионҳо нафарро дар саросари ҷаҳон андӯҳгин кард.

Барои видоъ бо Ватслав Ҳавел, ки рӯзи 18 декабр дар синни 75-солагӣ даргузашт, пиру ҷавон ва ҳатто модарон бо фарзандони навзодашон омада буданд ва ҳавои сарду боронии шаҳри Прага ҳам монеъи онҳо нашуд.

Зимни убури тобути ӯ аз майдони қадимии шаҳри Прага, ҳатто посбонҳои фахрии маҳалле гиристанд, ки тобути Васлав Ҳавел онҷо барои видоъ гузошта шуда буд. Баъди бемории роҳи нафас, драмнавис ва сиёсатмадори чехе даргузашт, ки ба гуфтаи ҳамроҳонаш бар тибқи насиҳатҳои худ рафтор мекард: “Мо мехоҳем дар ҷомеаи озоду демократӣ ва Чехословакияи шукуфо зиндагӣ кунем. Мо мехоҳем дигарбора як бахши Аврупо бошем ва ҳеҷ гоҳ набояд аз ормонҳои худ даст кашем, сарфи назар аз ҳар чӣ, ки рӯзҳои наздик рух диҳад. “

Бисту ду соли пеш, дар рӯзи 23 ноябри соли 1989 Ватслав Ҳавел, бо хитоб ба издиҳоми 300 ҳазорнафарӣ дар майдони марказии шаҳри Прага аз онҳо чунин даъват кард, ки дар роҳ ба сӯи озодӣ фидокор бошанд. Инқилоби махмалини Чехословакия шаш рӯз пеш аз ин шурӯъ шуда буд ва баъди онки нерӯҳои пулис як тазоҳуроти осоиштаи донишҷӯёнро бераҳмона пароканда кард. Дар рӯзҳои баъдӣ, садҳо ҳазор чеху словакҳо ба хиёбонҳо рехтанд ва роҳро барои шикасти режими саркӯбгари коммунистӣ боз карданд. Васлав Ҳавел ба ҳайси пешвои ин мардум зуҳур кард ва бо музокироти сулҳомез бо коммунистҳо ба ҳукумати онҳо хотима дод.То охири он сол Васлав Ҳавел, раиси ҷумҳури Чехословакияи озод, интихоб шуд ва аҳди коммунистҳо баъди 40 сол тамом шуд.

АЗ САҲНАИ ТЕАТР ТО КУНҶИ ЗИНДОН ВА ТО ҚАСРИ РАЁСАТ

Дар саргаҳи инқилоб...

Дар саргаҳи инқилоб...

Ватслав Ҳавел 5 ноябри соли 1936 дар хонаводаи сарватманде ба дунё омадааст. Коммунистҳо, ки дар як табаддулоти давлатӣ соли 1948 сари қудрат омаданд, тамоми моликияти хонаводаи Ҳавелро мусодира карданд ва ӯро аз гирифтани таҳсили олӣ низ маҳрум намуданд. Баъди хидмат дар артиш, ӯ ба театр рӯ овард, аввал ба ҳайси коргари пушти саҳна кор мекард ва драммаро низ меомӯхт ва соли 1960 ба навиштан пардохт. Агарчӣ дар он замон дигарон бо навиштани асарҳо дар васфи низоми коммунистӣ дилёбӣ мекарданд, ӯ баръакс доир ба ҳамоқатҳои зиндагӣ дар аҳди коммунистҳо менавишт. Достонҳояш ӯро то соли 1968 ба як драмматурги шинохта дар Чехословакия табдил доданд. Достонҳое, ки коммунистҳо аз онҳо бадашон меомад.

Дар соли 1968 нерӯҳои кишварҳои коммунистии Аҳдномаи Варшава бо ҳамла ба Чехословакия, ҳаракати озодихоҳии Прагаро саркӯб карданд ва солҳои сахте дар ин кишвар шурӯъ шуд. Дар он солҳои сахт, Ватслав Ҳавелро аз соли 1979 то соли 1984 барои 5 сол ба зиндон андохтанд.


Баъди раҳоии Ватслав Ҳавел аз зиндон дар соли 1984, то 5 соли дигар низоми коммунистӣ дар роҳ ба сӯи суқут қадам мезад ва дар ниҳоят соли 1989 ба ин ҳамин варта расиду умраш ба поён расид. Баъди шаш ҳафтаи тазоҳуроти саросарии ҳамин сол, 29 декабр Ватслав Ҳавел нахустин раиси ҷумҳури Чехословакия интихоб шуд ва ду сол саъй кард, то монеъи ҷудоии ду ҷумҳурӣ шавад, вале натавонист ва соли 1992 аз мақомаш истеъфо дод. Баъди ба Ҷумҳурии Чех ва Словакия тақсим шудан, Ватслав Ҳавел соли 1993 нахустин президенти Ҷумҳури Чех интихоб шуд ва соли 1998 ҳам барои як аҳди дигар раиси ҷумҳур монд. То соли 2003- замони бознишаста шуданаш Васлав Ҳавел, Ҷумҳурии Чехияро ба ормонҳои зиёдаш расонд, узви НАТО ва номзад ба узвият дар Иттиҳодияи Аврупо кард.

ҶАҲОН ДАР СӮГИ ПЕШВОИ "ИНҚИЛОБИ МАХМАЛӢ"

Даргузашти Ватслав Ҳавел, миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳонро маъюс кард, ки дар симои ӯ илҳомбахшеро медиданд, ки бо вуҷуди сахтиҳои зиёд, собитқадам монд ва ба ормонҳои хеш расид. Дар Ҷумҳурии Чех барои се рӯз мотами миллӣ эълом шуд ва дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон низ ба хотири ӯ сукут карданд.

Бо арҷгузории Ватслав Ҳавел дар кишварҳои зиёди ҷаҳон Ватслав Ҳавелро “қаҳрамон”, “бемисл” ва “покниҳод” хонданд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “истодагарии Ҳавел бунёди як империяро такон дод, пучии як идеологияи саркӯбгарро ба намоиш гузошт ва исбот кард, ки нерӯи ахлоқӣ аз ҳама гуна силоҳ нерӯмандтар аст.”

Арҷгузорӣ ба пешвои "инқилоби махмалӣ"

Арҷгузорӣ ба пешвои "инқилоби махмалӣ"

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон Васлав Ҳавелро “як аврупоии бузург” хонд. Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, ӯро “рӯҳи инқилоби Ҷумҳурии Чех” ва “қаҳрамони бузурги демократияву озодӣ” тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ, дар рафъи тафриқаи Аврупо дар аҳди Ҷанги Сард кӯмак кард.

Йиржӣ Бузек, раиси порлумони Аврупо Ватслав Ҳавелро “қаҳрамоне хонд, ки ба гуфтаи ӯ қаҳрамон хоҳад монд. Раиси ҷумҳури Австрия, Ҳейнз Фишер ӯро “як аврупоии бузург, нависанда ва инсондӯст” номид.

Ба гуфтаи Карл Билдт, вазири умури хориҷии Шветсия, Аврупо яке аз давлатмардони ҷасуру қавӣ ва муҳими худро аз даст дод. Лех Валеса, раҳбари собиқи Лаҳистон, ки мисли Васлав Ҳавел муқовиматаш бо низоми коммунистӣ ӯро ба ин мақом расонд мегӯяд, ба эътиқоди ӯ Васлав Ҳавел сазовори Ҷоизаи Нобел буд.

ШУНАВАНДАИ ҚАДИМИИ РАДИОИ ОЗОДӢ

Стив Корн, раиси Радиои Озодӣ, гуфт, “бо фавти Ҳавел дӯстони демократия, матбуоти озод ва шаъни инсонӣ як дӯсти бузургеро аз даст доданд.”

Зимнан Ватслав Ҳавел, аз шунавандаҳои қадимии Радиои Озодӣ буд ва соли 1990 аз Амрико даъват кард, то ин радиоро аз шаҳри Мюнхени Олмон ба Прага бикӯчонанд ва соли 1995 Радиои Озодӣ дар маркази шаҳри Прага ҷой гирифт ва ба хотири гиромидошти хотираи ӯ тайи се рӯзи мотами миллӣ дар Ҷумҳурии Чех, акси бузурге аз ӯ дар девори Радиои Озодӣ нақш бастааст.

Йиржӣ Пеҳе, яке аз дастёрони собиқи Ватслав Ҳавел ва ҳоло мудири Донишгоҳи Ню-Йорк дар Прага дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, ӯро “яке аз муҳимтарин шахсиятҳои таърих дар нимаи дуввуми қарни 20 хонд”.

Ӯ афзуд, сифатҳои шахсии Ватслав Ҳавел ӯро ба як машъали демократия дар минтақа табдил доданд: “Нахуст, ба фикрам, ӯ як чеҳраи хеле ҷаззоб буд. Дувум, хислати нодире дошт, ки ман дар афроди дигар камтар дидам, яъне ба таври боварнакарданӣ ақидаҳои мухталифро ба ҳам меомехт ва бо барномае ба майдон мебаромад.”

ҲАВЕЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик

Дар Тоҷикистон низ Ватслав Ҳавелро бо некӣ ёдоварӣ мекунанд. Ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, Ватслав Ҳавел фарде буд, ки нишон дод, инсон қодир аст, бо истодагарӣ дар баробари зулму ситам пирӯз шавад ва ба ормонҳои худ бирасад: “Шахсе буд, ки барои дигар ҷумҳуриҳо намунаи ибрат буд. Яъне мардуми системаи коммунистӣ фаҳмиданд, ки бо мубориза бар ҳамин режими ниҳоят сахт ғалаба кардан ҳам мумкин будааст.”

Ҷерӣ Лейбер, муассиси созмони мӯътабари Дидбони ҳуқуқи башар ва аз дӯстони Ватслав Ҳавел дар мақолае навиштааст, достонҳои Ҳавел бахусус достони “Нерӯи заъифон” ҳамчунон манбаи илҳоми афроди ситамдида дар саросари ҷаҳон аст. Ба навиштаи ӯ, Ватслав Ҳавел, як қаҳрамони хоксоре буд, нохоста ба зиндагии расмӣ ворид шуд, аммо бо ҷасорату ахлоқаш таъсири фавқуллодае дар ҷаҳон гузошт.

Ҷерӣ Лейбер менависад, мисли ӯ дигареро нахоҳем дид. Ба гуфтаи ҳамсари дуввумаш Дагмар Ҳавел, шавҳараш васият кардааст, ки рӯи санги гӯри ӯ чизе нанависанд. Хокистари турбати Ватслав Ҳавелро рӯзи ҷумъа 23 декабр дар гӯри хонаводагӣ ва дар канори ҳамсараш мегузоранд. Фардеро, ки сокинони оддии Ҷумҳурии Чех, ба ӯ ташаккур мегӯянд ва ҳамзамон ӯро мояи ифтихори ин кишвари кӯчак дар Аврупо медонанд.
XS
SM
MD
LG