Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев барои Жанаозен домодашро барканор кард


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз минтақаи ошӯбҳои охир дидан ва чанд мансабдорро дар робита ба ин бӯҳрон аз мақомашон барканор кард. Вай домодаш Темур Қулибоевро, ки раиси ширкати давлатии “Самрук-Казина” ва ягона молики “Казмунайгаз” – тавлидкунандаи миллии нафт, буд, аз вазифа озод намуд. Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Қазоқистон мегӯяд, Назарбоев ҳамчунин раҳбари “Казмунайгаз” ва бахши он дар Лондон ва ҳокими вилояти Мангиставро барканор кард. Дар ошӯби Жанаозен ба камияш 15 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Коргарони ширкати нафт аз моҳи май ба ин сӯ бо талаби музд ва шароити беҳтари кор тазоҳурот мекарданд ва эътирозҳои онҳо дар иди истиқлолият ба даргирӣ печид.
XS
SM
MD
LG