Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон хулосаи таҳқиқи зарбаи НАТО-ро рад кард


Ҳарбиёни Покистон хулосаи таҳқиқи ҳалокати 24 сарбози худро дар зарбаи ҳавоии НАТО, ки Иёлоти Муттаҳида анҷом дод, рад карданд. Бино бар ин хулоса, ҳарду ҷониб, ҳам НАТО ва ҳам нерӯҳои Покистон дар ин воқеа ба иштибоҳ роҳ додаанд. Аммо сухангӯи артиши Покистон, генерал-майор Атҳар Аббос гуфт, ин ақида далел надорад. Дар хулосаи пажӯҳиш гуфта мешавад, нерӯҳои НАТО ва Афғонистон “ҷавобан ва барои дифоъ аз худ оташ кушодаанд.” Фоҷиаи 26-уми ноябр дар наздикии марз бо Афғонистон сабаби ташаннуҷ миёни Исломобод ва Вашингтон шуд. Покистон дар ҷавоб роҳҳои икмолотии нерӯҳои байнулмилалииро масдуд кард.
XS
SM
MD
LG