Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба бознигарии парвандаи Аскаров даьват кард


Кумиссари олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон аз қарори Додгоҳи Олии Қирғизистон, ки ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров, фаъоли узбактабори ҳуқуқи башарро бетағйир боқӣ гузошт, изҳори таассуф кард. Додгоҳ гуфтааст, ҷурми Аскаров тасдиқ шуда ва ҳукми ҳабси ӯ тағйир нахоҳад ёфт. Аскаров ба ташкили беназмиҳо, ангезиши танаффури қавмӣ, гаравгонгирӣ ва ташвиқ ба куштор айбдор шудааст. Хонум Навӣ Пиллай гуфт, “махсусан изтиробангез аст, ки додгоҳ шикояти зери шиканҷа гирифта шудани эътирофро баррасӣ накард.”
XS
SM
MD
LG