Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон барои Тоҷикистон афсар омода мекунад


Покистон мегӯяд, дар афсарон барои артиши Тоҷикистонро омӯзиш хоҳад дод. Ин тарҳ дар мулоқоти вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси ситоди муштараки артиши Покистон генерал Холид Шамим Вайне дар Душанбе тасвиб шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, барои таҳияи барномаи таълим ва интихоби нахустин гурӯҳи афсарони тоҷик ба зудӣ чанде аз афсарони баландпояи Покистон ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Қарор аст имрӯз дар Душанбе мулоқоти раиси ситоди муштараки артиши Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG