Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия равобити сиёсӣ ва низомиро бо Фаронса қатъ кард


Ин иқдом посух ба тасвиби қонуне дар порлумони Фаронса буд, ки радди наслкушии арманиҳо аз тарафи туркҳо дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Якумро ҷиноят эълон кард. Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, кишвараш ба ин иқдоми палатаи поёнии порлумони Фаронса бо қатъи равобит ва фарохонии сафораташ аз Порис посух медиҳад. Вай ҳамчунин гуфт, Туркия ҳарими ҳавоӣ ва фурудгоҳҳои худро барои ҳавопаймоҳои ҳарбии Фаронса мебандад. Вазири умури хориҷии Фаронса Алан Жупе аз Анкара хост, вокуниши беш аз ҳад нишон надиҳад. Қонуни нав акнун бояд дар Сенати Фаронса баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG