Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷaҳои расидагии НАТО ба куштори 24 сарбоз чоп шуд


Баъд аз расидагӣ ба ҳодисаи куштори 24 сарбози покистонӣ дар ҳамлаи ҳавоии нируҳои НАТО дар наздикии марз бо Афғонистон НАТО ба хулосае расидааст, ки дар ин ҳамла ҳам нируҳои эътилофи зидди террор ва ҳам ҷониби Покистон ба иштибоҳ роҳ додаанд. Баъд аз ҳамлаи 26 ноябр муносиботи миёни Покистон ва Амрико сард шуд ва Покистон роҳҳои икмолотиеро баст, ки барои нируҳои эътилоф аз ин кишвар мегузаштанд. Натиҷаҳои расидагӣ чоп шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки нируҳои НАТО барои дифоъ аз худ ба оташи муқобил билофосила ҷавоб додаанд.
XS
SM
MD
LG