Пайвандҳои дастрасӣ

Баргузории пикет ё намоиши эътирозӣ дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе бозтоби густардае доштааст.

«Имрӯз нюс» ба матлабе дар бораи ин пикет ё намоиши эътирозӣ «Нақшаи низоъи Тоҷикистон дар Русия-2» ном гузоштааст. Ба навиштаи нашрия, «ин намоиш бо ҳадафҳои муайян, аниқтараш дасиса ва иғвоангезӣ сурат гирифтааст. Ҳатто зане бо номи Муҳаррама Қодирова, ки ба нашрия телефон карда ва гуфтааст, ки «чанд нафаре, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷамъ шудаанд, маълум набуд, ки чӣ мехостанд. Чун даҳ-дувоздаҳ нафар ришдорон буданду намедонистанд, ки чӣ мехоҳанд. Ҳатто шиорҳоро дуруст нанавиштаанд. Маълум аст, ки ҳадафи муайян надоранд ва ҳадафашон хостаи худи онҳо нест.»

«СССР» дар ин бора дар матлаби «Кечарасиз: Фитнаи узбакӣ барои Тӯраҷонзода» «ба гумони ғолиб ин бозии бародари калонӣ ва ҳамсояи носипос аст, ки хостанд ба косаи шарбати садорати ҳукумати ҶТ дар Русия (он соатҳо Эмомалӣ Раҳмон дар Кремл буд!) заҳр резанд. Вале барои 1 ё 2 соат ва ё ин оғози ягон барномаи нави «шарикони стратегӣ» ва бародарони аъзои 1 оила аст, ки номаш бо фахр СНГ мебошад?»

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки «пас агар чунин аст, будани Тоҷикистони азиз дар миёни душманони дӯстпиндор ва дӯстони душманкеш то куҷо мувофиқ аст? Шояд соате фаро расидааст, ки Тоҷикистон аз ин созмонҳое, ки пайваста дар пайи иғво ва варшикастагии давлати навтаъсиси моанд, бадар равад?»

«Фараж» мусоҳибаеро бо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод анҷом дода додааст, ки масоили ҳамгироии минтақаӣ ва муносиботи Тоҷикистон бо Русия ва дигар кишварҳои минтақаро дар бар мегирад. Ҷаноби Умаров мӯътақид аст, ки дар шароити феълӣ воқеан «баъзе қувваҳо ба Тоҷикистон чашм ало кардаанд».

Зеро вай гуфтааст, ки «баъзеҳо бар ин боваранд, ки Толибон ҳеҷ гоҳ ба марзи Тоҷикистон ҳамла намекунанд. Ин ақида нодуруст аст. Толибон бозичаи дасти баъзе қувваҳои глобалӣ мебошанд ва қувваҳо ҳадафу ниятҳое доранд, ки аз сатҳи Афғонистон хеле берун меоянд.»

«Азия плюс» таҷаммӯъи техникаи ҳарбии Узбакистон дар манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро мояи нигаронии сокинони шимоли кишвар арзёбӣ кардааст. Зеро ба навиштаи нашрия, «мардум дар пасманзари равобити феълии Узбакистон бо Тоҷикистон, ки хушоянд нест, аз таҷаммӯъи танку дигар техникаи низомии кишвари ҳамоя ба шиддат дар ташвишанд. Нашрия менависад, дар ин самти марз, ки ба ноҳияи Истаравшани Тоҷикистон рабт мегирад, ҷониби Узбакистон даъвои дар фосилаи 2, 5 км дарунтар ба хоки Тоҷикистонро дорад. Дар ҳоле, ки ба навиштаи нашрия, дар умқи 4 км аз марз, иншоотҳои стратегӣ ва муҳим барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистон мавҷуд ҳастанд.»

«Нигоҳ» дар пасманзари муроҷиати парлумони Тоҷикистон ба Олий Маҷлиси Узбакистон дар робита ба муҳосираи иқтисодии ҷануби Тоҷикистон навиштааст, ки «то як - ду соли ахир фишорҳои Узбакистон ба Тоҷикистонро мешуд эҳсос накард, зеро Русия миёнарави ду кишвар буд ва Тошкандро тур дода меистод. Аммо ҳоло шаке нест, ки омоли Тошканд барои Маскав ҳатто маъқул ҳастанд.»

Ба навиштаи нашрия, «то чанде пеш Эрон каму беш сари Тошканд таъсир дошт. Аммо ҳодисаи 20 рӯзи пеш банд мондани вагонҳои амволи саноатии Эрон дар Узбакистон, ки барои намоишгоҳе дар Душанбе пешбинӣ шуда буданд, нишон медиҳад, ки акнун Тошканд аз Теҳрон ҳам наметарсад.»

Хулосаи нашрия дар маврид амалкарди ҷониби Узбакистон ин аст, ки «акнун як нафаре нест, ки ба Ислом Каримов расонад: «Ҷаноби президент, агар Шумо бо як ё ду нафар дар Тоҷикистон мухолифат доред, чаро бояд аз ин мардуми камбизоат, мактаббачагон ва деҳқонони оддқӣ зиён бинанд. Худи Шумо хуб медонед, ки ҳадафи Шумо дигар асту азиятро дигарон мекашанд. Кай аз ин сиёсатҳои номаъқул даст мекашед?»

«Нигоҳ» дар робита ба сафари Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон ба Русия навиштааст, ки «сафари Ватанов ҳам қазияи қатли Бахтиёр Расулов, муҳоҷири тоҷикро рӯшан накард.»

Ба хусус нашрия аз то ба ҳол интиқол наёфтани ҷасади Бахтиёри ҷавонмарг изҳори таассуф карда ва навиштааст, ки «яке аз пайвандони марҳум ба ин назар аст, ки интиқол надодани ҷасади Бахтиёрро ба хотири муташанниф нагаштани авзои сиёсӣ ва наранҷондани «бародар» -и бузург аст.»

«Озодагон» дар матлаби «Ҳокимияти чорум қудрат дорад?» фаъолияти ВАО -и Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия бо таваҷҷӯҳ ба мавонеъ ва маҳдудиятҳо дар роҳи густариши озодии баён дар ин авохир менависад, «журналистони тоҷик дар шароити феълии вазъи расонаҳои Тоҷикистон таъсиси хазинаи вижаеро зарур мешуморанд, ки дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ва даъвоҳои судӣ алайҳи ВАО аз он истифода шавад. Ташаббускорони ин пешниҳод мегӯянд, барои ба ин хазина ворид намудани маблағ аз аҳолии кишвар кӯмак мехоҳанд.»

Нашрия аз қавли дастандаркорони ин идея навиштааст, ки «ин идеяи хуб аст. Бовар дорем аҳолӣ барои ҳимояи ВАО пул ҷамъ мекунад. Онҳо ба мо бовар доранд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG