Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ставропол ба муҳоҷирон забони русӣ ёд медиҳанд


Хадамоти муҳоҷирати Ставрополи Русия хабар додааст, ки ба муҳоҷирони корӣ дар масҷидҳо забони русӣ дарс дода мешавад. Тибқи қарордоди ҳамкорӣ бо идораи мусулмонони Ставропол ин дарсҳо ройгон хоҳанд буд. Бино ба хабарҳо, дар ин вилоят аксари муҳоҷирон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон будаанд. Ба эҳтиёҷмандон намояндагони ниҳодҳои мазҳабии Ставропол таълим медиҳанд.
XS
SM
MD
LG