Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одамрaбои тоҷик дар Петербург муҳокима мешавад


Дар шаҳри Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон ба додгоҳ кашонда шудааст. Муҳаммадҷон Ҳалимови 29 сола барои одамрубоӣ ва тамаъ кардани пул барои раҳоии одами рабудашуда муттаҳам дониста мешавад. Дар ин бора додгоҳи шаҳрӣ хабар додааст. 26 июли соли 2010 Ҳалимов ҳамроҳ бо се нафар аз ҳамдастонаш дар хиёбони Космонавтҳо ба як шаҳрванди 42 солаи Тоҷикистон ҳамла карданд ва вайро рабуданд. Онҳо барои раҳоии ин шаҳрванди 42 сола 700 ҳазор рубл талаб карданд. Вале ба ин шахс муяссар шудааст, ки аз чанголи одамрубоён раҳо шавад ва ба ҷангале фирор кунад.
XS
SM
MD
LG