Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиёни афғон бо ҳероин боздошт шуданд


Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, кормандони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аъзои як гурӯҳи байналмилалии ҷинояткорро боздошт кардаанд, ки бо қочоқ ва ҳамлу нақли маводи мухаддир тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ машғул будаанд. 21 декабр автомобили "Ҳундай-Галупер" боздошт ва аз он 10 кило ҳероин мусодира шуд. Дар дохили мошин ронанда шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Афғонистон нишаста буданд. Дар амалиёти дигар ҳангоми убури марз шаҳрванди 22 солаи Афғонистон корманди хадамоти марзии ин кишвар бо ҳероин боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG