Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса қонуни "қатли ом"-и арманиҳоро ба тасвиб расонд


Маҷлиси поёнии порламони Фаронса
Маҷлиси поёнии порламони Фаронса
Туркия сафири худро аз Порис фаро хонд. Ин дарҳолест, ки Маҷлиси поёнии порламони Фаронса пешнависи қонунеро ба аксарияти оро ба тасвиб расонд. Акнун тибқи он ҳар касе, ки қатли оми арманиҳо аз ҷониби туркҳои усмониро қатли ом намешиносад, муҷрим шинохта мешавад. Райдиҳии электронӣ сурат нагирифт, то шумораи ороро эълон кунанд. Намояндагон бо бардоштани даст мавзеъгирии худро маълум карданд. Фаронса соли 2001 ба таври расмӣ ин кушторҳоро “қатли ом” эътироф карда буд. Дар он омадааст, шахсоне, ки ин қатли омро рад мекунанд, то як сол маҳкум ба зиндон ва 45 ҳазор евро баробар бо 60 ҳазор доллар ҷарима мешаванд. Туркия дар посух гуфтааст, ки тасвиби ин санад ба муносиботи дуҷониба латма ворид мекунад. Реҷеп Тайип Эрдуғон гуфт, ки то поёни имрӯз бар зидди Фаронса нахустин табдбирҳоро эълон хоҳад кард. Дар соли 1915 туркҳои усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро куштанд.
XS
SM
MD
LG