Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар таълими афсарони тоҷик кӯмак мекунад


Холид Шамим Вайне
Холид Шамим Вайне
Покистон ба тавофуқ расидааст, ки дар тарбияи афсарон барои артиши Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар ин бора дар мулоқоти Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои Тоҷикистон ва генерал Холид Шамим Вайне-раиси ситоди муштараки артиши Покистон тавофуқ ба даст омадааст. Барои таълими афсарони тоҷик гурӯҳе аз коршиносони низомии Покистон ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Тибқи барномаи боздид рӯзи ҷумъа мулоқоти раиси ситоди муштараки артиши Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG