Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: Тоҷикистон дар қабули вагонҳо таъхир мекунад


Намояндагони ширкати саҳҳомии “Узбекистон темир йуллари” ё роҳи оҳани Узбакистон дар посух ба паёми Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон гуфтаанд, ки Узбакистон Тоҷикистонро дар муҳосираи иқтисодӣ қарор надодааст. Ҳафтаи пеш порламони Тоҷикистон дар паёме изҳор дошт, ки дар қаламрави Узбакистон бештар аз 320 вагони ҳомили бору колои Тоҷикистон ҷамъ шудааст. Онҳо аз намояндагони порламони Узбакистон хостанд, ки дар ҳалли ин масъала кӯмак кунанд. “Узбекистон темир йуллари” гуфтааст, ки ҳатто дар бораи боздошти вагонҳо наметавонад сӯҳбат дар миён бошад. Ҳар шабонарӯз ба қаламрави Узбакистон 200 вагони Тоҷикистон ворид ва онҳо аз роҳи оҳани Бекобод ва Қудуқлӣ ба Тоҷикистон супурда мешаванд. Намояндаи “Узбекистон темир йуллари” гуфтааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша дар қабули вагонҳо таъхир мекунад.
XS
SM
MD
LG