Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Тӯраҷонзодаҳо дар додгоҳ


Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин (аз тарафи чап)

Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин (аз тарафи чап)

Додситонии ноҳияи Ваҳдат бародарон -- Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро ба тӯҳмат ва таҳқири Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон муттаҳам кардааст. Бино ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ҳоло додситонӣ парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Мақомот мегӯянд, намозгузорони масҷиди "Муҳаммадия" рӯзи ҷумъаи 9 декабр зимни ворид шудани намояндагони ҳукумат ва муфтии Тоҷикистон нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ зоҳир карда ва муассисони масҷид, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳастанд, аз ин амали пайравони худ ҷилавгирӣ накардаанд. Додситонии ноҳияи Ваҳдат ба дунболи ин ҳодиса Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародараш Ҳоҷӣ Акбарро ду бор мавриди бозпурсӣ қарор дод. Дар навбати худ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ аз болои раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз болои раиси шаҳри Ваҳдат, раиси Кумитаи дин ва раиси Шӯрои уламо ба Додситонии кул шикоят бурдааст.
XS
SM
MD
LG