Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ: "Шитоб дар бунёди Роғун ба манфиат нест"


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додааст, ки Тоҷикистон то анҷоми ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғун сабр кунад.

Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири шаффофият дар ҷараёни таҳқиқу арзёбиҳои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", иттилоияи нав доир ба тадбирҳои иҷрошудаи тарҳро нашр кардааст.

Агарчӣ дар баёния аксаран иттилооти пешина нашр шудаанд, вале дар он таъкид шудааст, ки бидуни санҷиши комили фаннӣ ва иқтисодӣ оғози сохтмони бузург ва он ҳам нерӯгоҳ ба манфиат нахоҳад буд. Дар ғайри сурат, ба қавли коршиносони бонк, сармояе, ки бе ин ҳам маҳдуд аст, метавонад “зоеъ шавад”.

“Бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ бунёди сохтмон танҳо он вақт оғоз меёбад, ки сармоягузорӣ барои ин тарҳ замонат дода шавад”,-омадааст дар иттилоияи Бонки Ҷаҳонӣ. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки шурӯъ намудани марҳилаи аввали сохтмони нерӯгоҳи Роғун, яъне садди 120-метрӣ тавсия дода намешавад, зеро ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, регу гили зиёде, ки рӯди Вахш меорад, бар зарари ин тарҳ хоҳад буд.

Бонки Ҷаҳонӣ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон баргузории ташхиси тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бар дӯш дорад. Ин ташхис ё таҳқиқот аз ду бахш, яъне фанниву иқтисодӣ ва дигаре экологӣ ё зистмуҳитӣ иборат аст. Арзёбиҳоро ширкатҳои “Coyne & Bellier” ва “Poyry” анҷом медиҳанд.

Дар оғози моҳи декабр Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Теодор Алерс, мудири амалиёт ва стротежии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо тарҳи нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ кард. Алерс баъди ин мулоқот гуфт, Тоҷикистон қасд надорад, ин зимистон маҷрои Вахшро бубандад.

Илова ба ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як машварати корӣ ба аъзои ҳукумат гуфт, ки тамоми корҳои барқарорсозии иншооти қаблан бунёдёфта ва омодагӣ ба идомаи сохтмон бо сифати баланд ва дар ҳамкорӣ бо коршиносони ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд. Ҷаноби Раҳмон таъкид кард, “принсипи шаффофият ва эътимодбахшӣ дар ташхиси байнулмилалии фаннию иқтисодӣ ва иҷтимоию зистмуҳитии лоиҳа бояд пурра ва бечуну чаро риоя карда шавад.”

Тоҷикистон, ки дар тӯли фасли тирамоҳу зимистон ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯст, нерӯгоҳи Роғунро масъалаи маргу зиндагӣ барои худ хондааст. Вале кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон, ба тарҳи Роғун мухолифат варзида мегӯянд, сохта шудани ин нерӯгоҳ боис ба камбуди об барои майдонҳои кишт шуда, вазъи зистмуҳитиро низ метавонад хароб кунад.

Иқтидори нерӯгоҳи Роғун 3 600 мегават буда баландии садди он 335 метрро ташкил хоҳад дод. Дар сурати бунёд, ин нерӯгоҳ, Тоҷикистонро аз мушкили сахти бебарқӣ халос карда ва метавонад онро ба як кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа низ табдил бидиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG