Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса қонуни "қатли ом"-и арманиҳоро баррасӣ мекунад


Маҷлиси поёнии порламони Фаронса дар бораи пешнависи қонуне мунозира мекунад, ки тибқи он ҳар касе, ки қатли оми арманиҳо аз ҷониби туркҳои усмониро қатли ом намешиносад, муҷрим шинохта мешавад. Фаронса соли 2001 ба таври расмӣ ин кушторҳоро “қатли ом” эътироф карда буд. Дар пешнависи ин қонун ҷазо низ пешбинӣ мешавад. Шахсоне, ки ин қатли омро рад мекунанд, то як сол маҳкум ба зиндон ва 59 ҳазор доллар ҷарима мешаванд. Туркия дар посух гуфтааст, ки тасвиби ин санад ба муносиботи дуҷониба латма ворид мекунад. Реҷеп Тайип Эрдуғон гуфт, ки то поёни имрӯз бар зидди Фаронса нахустин табдбирҳоро эълон хоҳад кард. Дар соли 1915 туркҳои усмонӣ 1,5 миллион арманиҳоро куштанд.
XS
SM
MD
LG