Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсиятҳои ҷаҳонӣ ба маросими дафни Ҳавел меоянд


Ҳайатҳои намояндагии хориҷӣ барои ширкат дар маросими дафни Ватслав Ҳавел-раиси ҷумҳури пешини ҷумҳурии Чех вориди шаҳри Прага мешаванд. Маросим рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Дар миёни онон Лех Валенса-раиси ҷумҳури пешини Полша ва раҳбари “Ҳамбастагӣ”, Бил Клинтон-раиси ҷумуҳури пешини Амрико бо хонумаш Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва шахсиятҳои дигари баландпояи ҷаҳонӣ ҳастанд. Ватслав Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75 солагӣ аз беморӣ даргузашт.
XS
SM
MD
LG