Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: "Мо бӯҳронро бомуваффақият паси сар кардем"


Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар назди намояндагони ҳар ду маҷлиси порламони Русия дар Шӯрои Федератсия ва Думаи Давлатӣ ба мардуми кишвараш паёми давлатӣ фиристод. Вай гуфт, ки ҳукумат ба тафриқу нифоқ роҳ нахоҳад дод, то вазъро дар кишвар ноором кунанд Вай афзуд:

“Мо душвортарин давраи бӯҳрони иқтисодиро бо муваффақият паси сар кардем ва ба нишондодҳои қабл аз марҳилаи бӯҳрон баргаштем”.

Дар охири ҳафтаи гузашта Дмитрий Медведев гуфт, ки низоми сисёсии Русия “фарсуда шудааст” ва он ба таҷдид ниёз дорад. Ин суханронӣ навъе посухи ҳукумат ба тазоҳуроти эътирозии хиёбонӣ бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ мебошад. Дар чунин тазоҳурот даҳҳо ҳазор нафар бар зидди натиҷаҳои интихоботи 4 декабр ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.
XS
SM
MD
LG