Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба мардуми Русия паёми давлатӣ мефиристад


Дмитрий Медведев (акс аз бойгонӣ)
Дмитрий Медведев (акс аз бойгонӣ)
Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ба мардуми кишвараш паёми давлатӣ мефиристад. Вай дар ҳузурии намояндагони тозаинтихоби Думаи Давлатӣ суханронӣ мекунад ва он навъе посухи ҳукумат ба тазоҳуроти эътирозии хиёбонӣ бар зидди тақаллуб дар натиҷаҳои интихоботи порламонӣ мебошад. Дар чунин тазоҳурот даҳҳо ҳазор нафар бар зидди натиҷаҳои интихоботи 4 декабр ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд. Дар охири ҳафтаи гузашта Дмитрий Медведев гуфт, ки низоми сисёсии Русия “фарсуда шудааст” ва он ба таҷдид ниёз дорад. Интизор меравад, ки вай дар паёми худ дар бораи ҷузъиёти чунин таҷдид нукотеро баён кунад. Медведев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи март номзадии худро пешбарӣ намекунад ва ҷои худро ба Владимир Путин медиҳад.
XS
SM
MD
LG