Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бамгузориҳои Бағдод 40 нафар кушта шудаанд


Сухангӯи вазорати беҳдошти Ироқ гуфтааст, ки дар бамгузориҳои имрӯз дар Бағдод дастикам 57 нафар кушта шудаанд. Имрӯз дар қисматҳои гуногуни пойтахти Ироқ бештар аз 10 инфиҷор рух дод. Аз оғози муноқишаҳои сиёсии миёни сунниҳо ва шиаҳо зоҳиран бори аввал ин гуна инфиҷорҳои ҳамоҳангшуда анҷом мегирад. Сухангӯи вазорати беҳдошти Ироқ хабар додааст, ки дар инфиҷорҳои имрӯз 170 нафар маҷрӯҳ шудаанд. То ҳол рӯшан нест, ки дар паси ин инфиҷорҳо чӣ нируҳое қарор доранд.
XS
SM
MD
LG