Пайвандҳои дастрасӣ

Мошинҳои Тоҷикистон дар иҳотаи тарма дар Қирғизистон


Дар натиҷаи резиши тарма дар роҳи мошингарди Уш-Саритош-Иркештами Қирғизистон тақрибан 100 мошин дар иҳотаи тарма мондаанд. Бино ба гуфтаи шоҳидон, бештари онҳо мошинҳои Тоҷикистон мебошанд. Ин роҳ Тоҷикистонро тавассути Қирғизистон бо Чин мепайвандад. Мусофирон бо вазорати умури изтирории Қирғизистон тамос гирифтаанд ва онҳо ваъдаи кӯмак кардаанд. Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон низ гуфтааст, ки музокироти онҳо бо ҳамтоёни қирғизи худ идома дорад ва ҷониби Қирғизистон ваъда додааст, ки ба шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон низ кӯмак мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG