Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Рудаков. Ёде аз футболбози маъруфи Шӯравӣ


Евгений Рудаков, футболбози маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ

Евгений Рудаков, футболбози маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ

Рӯзи 21-уми декабр Евгений Рудаков, собиқ дарвозабони дастаи мунтахаби футболи СССР ва тими “Динамо”-и Киев, дар синни 69-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Дар ин бора торнамои расмии бошгоҳи футболи “Динамо”-и Киев хабар додааст.

Евгений Рудаков, қаҳрамони ҳафткаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои ахир дар мактаби бачагонаю наврасони футболи “Динамо” ба ҳайси мураббӣ кор мекард.

Фаъолияти ӯ ҳамчун дарвозабон дар дастаҳои “Торпедо”-и Маскав ва “Судостроител”-и Николаев шурӯъ шудааст. Вале ӯ қисми зиёди ҳаёти варзишиашро дар ҳайати тими машҳури “Динамо”-и Киев гузаронида, се бор барандаи Ҷоми СССР, соли 1975 барандаи Ҷоми ҷомдорон ва Суперкубоки УЕФА гардидааст.

Евгений Рудаков дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР (аз соли 1968 то соли 1976) 48 бозӣ кардааст. Вай дорандаи медали нуқраи чемпионати Аврупо ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 1972 мебошад.

Ӯ соли 1971-ум беҳтарин футболбоз ва беҳтарин дарвозабони Иттиҳоди Шӯравӣ эътироф шудааст. Ӯ бо унвони олии “Устоди шоистаи варзиши СССР” сарфароз гаштааст.

Евгений Рудаков пас аз анҷоми фаъолияти варзишиаш сармураббии дастаҳои “Спартак”-и Ивано-Франковск (соли 1979) ва “Кремен”-и Кременчуги Украина (соли 1994) буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG