Пайвандҳои дастрасӣ

Чехҳо ва ҷаҳониён бо Ватслав Ҳавел видоъ мекунанд


Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех дар як раҳпаймоии мутантан аз паси тобути Ватслав Ҳавел, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар қадам заданд. Тобути Ҳавел ба Кохи раёсатҷумҳурӣ дар Прага интиқол дода шуд ва дар ин ҷо то рӯзи ҷумъа расми видои мардум бо ӯ ҷараён мегирад. Дар девори Радиои Озодӣ дар Прага акси нуронии Ҳавел пайдо шуд, ки то поёни мотами миллӣ он ҷо боқӣ хоҳад монд. Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ фавтид. Драмнавис ва дигарандеш Ҳавел, раҳбари «Инқилоби махмалӣ»-и соли 1989-и Чехословакияи собиқ буд, ба даҳсолаҳои коммунистии ин кишварро хотима бахшид. Сарони ҷаҳон андӯҳи худро аз даргузашти Ҳавел баён медоранд ва ӯро чеҳраи таърихии садаи бист меноманд. Расми давлатии дафни Ҳавел рӯзи ҷумъа баргузор шуда, интизор меравад, бисёре аз сарони ҷаҳон, аз ҷумла вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон дар он ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG